«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚИ ТОҶИКИСТОН», асари дуҷилдаи донишномаӣ доир ба соҳаҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ҷилди 1-и он соли 1989 нашр шудааст, ки аз 576 саҳифа (бо 12 варақ тасвирот) иборат буда, мақолаҳои бо ҳарфҳои А – М (АБАЛАК – МУРҒ)-ро дар бар мегирад.

Дар ин ҷилд 24 замима бо тасвироти ранга мавҷуд буда, матнҳо 785 аксу нақшаҳо доранд. Ҷилди дуввум (1991) аз мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои М – Ҷ (МУРҒАК – ҶӮЯК) ва аз 608 саҳифа (бо 11 варақ тасвирот, 21 замимаи дорои тасвироти ранга) иборат буда, матнҳо 749 тасвир ва нақшаҳо доранд. Ҳар ду ҷилд дар маҷмӯъ беш аз 8 ҳазор мақоларо фаро гирифтааст. Дар донишномаи мазкур оид ба истилоҳот, ташкил, иқтисодиёт ва банақшагирии истеҳсолоти кишоварзӣ, рустанипарвариву обчакорӣ, деҳқониву чорводорӣ, зироаткорӣ, табиат ва муҳити зист маълумоти умумӣ ва аксу тасвирҳо дода шудаанд. Баъзе мақолаҳои донишнома доир ба ҳайвоноту набототи нодир, навъҳои меваву сабзавоти маҳаллӣ, қаҳрамонони Меҳнати Сосиалистӣ, олимони ватаниву хориҷие мебошанд, ки дар рушди илмҳои кишоварзӣ саҳм гузоштаанд. Як қисми мақолаҳо ба рушди минбаъдаи чорводорӣ, асосҳои илмии парвариши чорво, густариши зотпарварӣ, техникаи кишоварзӣ ва истифодаи он, таърихи деҳқониву чорводорӣ, тарзу усулҳои парвариши кулли зироатҳо бахшида шудаанд. Дар таълифи «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» олимону мутахассисони муассисаҳои илмии АИ РСС Тоҷикистон (Ин-ти зоология ва паразитология, Ин-ти ботаника), Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷ. (Ин-ти чорводорӣ, Ин-ти ветеринария ва зоогигиена, Ин-ти хокшиносӣ, Ин-ти зироат, Ин-ти боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Ин-ти хоҷагии қишлоқ) ва кормандони редаксияҳои Хоҷагии қишлоқ, Назорати илмӣ, Тасвирот ва харита, шуъбаҳои Истеҳсолот, Комлектонӣ, Тасҳеҳоти СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳар ду ҷилди донишнома ба забони тоҷикӣ бо теъдоди 10000-нусхагӣ дар Комбинати полиграфии Душанбе ба чоп расидааст.

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top