SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

Маҳмадуллоҳ Саидбег. Мавлоно Яъқуби Чархӣ

Маълумотнома (ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, форсӣ). Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2018. 264 саҳ.

Ин маълумотномаи мухтасар дар бораи аҳвол, осор ва ҷаҳонбинии яке аз чеҳраҳои шинохтаи афкори ҷамъиятии қарни ХV, намояндаи маъруфи тариқати тасаввуфии Нақшбандия – Мавлоно Яъқуби Чархӣ буда, он дар заминаи маводди таҳқиқоти илмӣ ва маълумоти маъхазҳо таълиф шудааст.
Ҳадафи аслӣ аз таълифи маълумотнома муаррифии чеҳраи воқеии ин мутафаккири бузург ҷиҳати рафъи ҳар гуна шубҳа ва зудудани ҳама гуна эътиқоди хурофотӣ дар атрофи шахсияти эшон мебошад.

Абдушариф Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ
(ибодот ва аҳволи шахсӣ).
– Душанбе: СИЭМТ , 2018. – 752 с.
 

ISBN 978-99947-33-95-8

Китоб нақши маънавии ибодат ва бандагии Худоро дар такомули рӯҳӣ ва бинои шахсияти инсон мавриди таъкид қарор дода, аҳкоми ибодатҳо ва ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагиро бар асоси бузургтарин мактаби фиқҳӣ дар ислом – мазҳаби ҳанафӣ баррасӣ ва пешкаши хонанда менамояд.
Китоб дар ороиши тоза ва бо истифода аз равиши дастабандӣ ва таснифи қонунҳои муосир таҳия гардида, барои доираи васеи хонандагон ва алоқамандон, ҳамчунин ҳавзаҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ тақдим мегардад.

Шигифтиҳои бадан

Душанбе. Энциклопедия

Дарёи суруд

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР