SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 2017. Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 580 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-68-2

Ин китоб-маълумотнома бо истифода аз асноди Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ тартиб дода шудааст. Иловатан, маълумот дар бораи масоҳат мувофиқи далелҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси шумораи аҳолӣ аз рӯи далелҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доир ба масофа аз рӯи далелҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳраку деҳот тартиб дода шуда, дар маҷмӯъ маълумотҳо доир ба тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии ҷумҳурӣ то 1 августи соли 2017 гирд оварда шуданд.
Дар маълумотнома вақти ташкил шудани вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҳай­ати маъмурӣ-ҳудудии вилояту ноҳияҳо ва андозаи масоҳати онҳо, шумораи аҳолии ви­лоятҳо ва маркази вилоятҳо, масофа аз маркази вилоятҳо ва ноҳияву шаҳрҳо то ш. Ду­шанбе, аз маркази ноҳияҳо ва шаҳрҳо то маркази вилоятҳо, аз деҳаҳо ва шаҳракҳо то маркази маъмурии ҷамоатҳои деҳот ва аз он ҷо то маркази ноҳияҳо нишон дода шудаанд.
Дар китоб феҳристи алифбоии ноҳияҳо, шаҳрҳову шаҳракҳо, ҷамоатҳои деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ва ҳамчунин, феҳристи деҳаҳои ҳамном, феҳристи номҳои қаблӣ ва номҳои феълии онҳо, инчунин маълумот дар бораи тағйироти муҳимтарин ҷой дода шудаанд. Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки дар феҳристҳову харитаҳо деҳаҳои ғайри­расмӣ (яъне, ҳанӯз дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифтанашуда) низ оварда шуда (чун мавҷуданд), бо расмулхатти моил сабт гардиданд, то хонанда онҳоро аз деҳаҳои расмӣ фарқ карда тавонад. Ва албатта, ба хотири тазйин ва ҷолиб шудани китоб манзараҳои муҳимме аз табиат ва дигар соҳаҳои иҷтимоии мардуми шаҳрҳову ноҳияҳо насб шуданд.
Умедворем, ки хонандаи закӣ аз бурду бохтҳои ин китоб, ки дармеёбад, дар хусуси онҳо (билхусус, камбудҳо) андешаҳои муфиди худро аз мо дареғ намедорад.



ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК