SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна буда, аз 5 хонаи дарозрӯяи гунбазӣ иборат будааст. А. ҳанӯз дар а. 8 м. обод будааст ва харобааш ҳоло 3 км дуртар аз деҳаи Хайрободи ноҳ. Айнӣ боқист. Ниг. низ Ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ.
Ад.: Бентович И. Б., Находки на горе Муг, «Тр. Таджикской археологической экспедиции», т. 2., М. – Л., 1958; Якубов Ю., Археологичес­кие раскопки Гардани Хисор. «Изв. Отделения общественных наук АН Таджикской ССР», № 4, Д. 1966.                 

Ю. Ёқубов.
 

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳо­рон мешукуфад). Мевааш сегӯ­ша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангакмонанд дорад. А. асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибоғу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи д. Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, қ-кӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 350 – 1800 м баландтар аз с. б.) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. А. алафи бегонаи кишти ғалладона аст. А. гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. А. хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. А. дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.
Ад.: Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967; Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968.  

М. Ҳоҷиматов.

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии Красноярск, дар қисми марказии ҳавзаи Минусинск, дар резишгоҳи д. Абакан ба д. Енисей воқеъ аст. Аҳолиаш 165,2 ҳаз. нафар (2009). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мебошад, аэропорт ва бандар дорад. Дар А. корхонаҳои вагонсозӣ, истеҳсоли кранҳои борбардор ва контейнерҳо, заводу фаб­рикаҳои саноати сабук, коркарди чӯб, хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохт­мон фаъолият мекунанд. Донишгоҳ, филиалҳои до­нишкадаҳои Красноярск, пажӯҳишгоҳи забон, таърих ва адабиёт, театрҳои драма (русӣ ва хакасӣ) ва лӯхтак, осорхонаи кишваршиносии ҷумҳуриявӣ дорад. Дар шаҳр боғи ҳайвонот ва дендрарий мавҷуд аст.

 

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000 км2. Дар поёнобаш дар як сония 400м3 об ҷорӣ мешавад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар ҳамроҳ шудани Абакани Хурд ва Абакани Калон, ки аз нишебиҳои шимолии Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои Олтой сар мешаванд, ба вуҷуд меояд. Ба Обанбори Красноярск мерезад. Манбааш барфу борон. Аз ноябр то ох. апр. ях мебандад. Барои чӯбронӣ ва обёрӣ истифода мешавад. Дар соҳили А. шаҳри Абакан мавҷуд аст.

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин «калкулятори чубин» дар ҷаҳон. А.  чун асбоби муҳосибӣ дар тамоми кишварҳои қадим истифода мешуд ва то ҳанӯз дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи «чӯт»  баъзан  истифода  мешавад.  Риёзидони асримиёнагии  Италия  Леонардо Пизанский, ки бо номи Фибоначчи  маъруф  аст (1170 – 1250), асаре бо номи «Китоби абак» низ таълиф намудааст.

А. Комилӣ.

АБАРГА́Р (бо номи Қалъаи Муғ ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна

АБАЛА́К (Ceratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ

АБАКА́Н (1925 – 31, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии

АБАКА́Н, дарё дар кишвари Красноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи д. Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳ. ҳавзааш 32 000

 АБА́К (лот. abacus), абақ, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои  махсус,  ба истилоҳ,  нахустин

АБА́Й Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК

ТОЗАНАШР