SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

АвтовокзалАВТОВОКЗАЛ (аз авто ва вокзал), маҷмӯи иншоот барои хизматрасонии мусофирон ба воситаи автобусҳои байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ. Дар   шаҳрҳои калон А.-ро дар мавзеи охирини хатсайри нақлиёт месозанд. Автовокзали марказии ш. Душанбе с. 1978 бунёд гардидааст. Он дар Осиёи Миёна аз нигоҳи сохтмон нодир ва калонтарин иншоот ҳисоб ёфта, аз ин ҷо ба аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомади нақлиёт сурат мегирифт. Соли 2007 бинобар хусусигардонии Терминали мусофиркашии ш. Душанбе Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Автовокзали Душанбе» таъсис ёфт. Он (2010) дорои 24 хатсайр буда, дар як шабонарӯз ба 10 ҳаз. мусофир хизмат мерасонад. А. бинои маъмурӣ, шӯъбаҳои хизматрасонӣ, толори мусофирон барои 1200 кас, толори истироҳати ронандагон барои 180 кас, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, нигоҳдошти борҳои дастӣ, ҷойи дастурӯшӯӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, қаҳвахона, ошхона ва нуқтаҳои хизмати маишӣ дорад. Дар А. 32 нафар коргар, 65 нафар ронандаи нақлиёти мусофиркаш ва 56 нафар соҳибкор фаъолият доранд.

Ҳ. Садиров.

ДОНИШНОМА – ДОИРАТУ-Л-МАОРИФ – ENCYCLOPEDIA, китоберо гӯянд, ки маълумоти ҷомеъу мухтасаре роҷеъ ба ҳамаи донишҳои

ВАРЗИ́ШИ САБУ́К, як намуди варзиш, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук

БУРҲОНУДДИ́Н РАББОНӢ (1940, ш. Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон – 20.09.2011, маҳаллаи Вазир Акбархони

АВЗОИ РӮҲӢ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору

АВТОГРЕЙДЕР (аз авто…ва грейдер), мошини худгарди чархдор, ки барои ҳамвор кардани хоктӯда, ҷой­гардон,

АВТОВОКЗАЛ (аз авто ва вокзал), маҷмӯи иншоот барои хизматрасонии мусофирон ба воситаи автобусҳои байнишаҳрӣ ва

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК