SJ Health - шаблон joomla Авто

ДОНИШНОМАИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ ТОҶИК

ДОНИШНОМАҲОИ БАЧАГОНА

ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШНОМАИ НОҲИЯҲО

Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ 12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”)

Ҳайати гурӯҳ:

– Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ).

– Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор

– Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнеси Тоҷикистон, дотсент

– Зокиров Дилшод – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ аз 12 то 17 июни соли 2017 суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Чунин вохӯриҳо бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар маҷлисгоҳи АХД Ҳоҷӣ Амиров (Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ), толорҳои МТМУ №№11, 17 (Ҷамоати деҳоти Оббурдон), бинои тӯйхонаи “Сафариён” (Ҷамоати деҳоти Палдорак), дар коллеҷҳои омузгорию кишоварзии ноҳия ва фабрикаи ресандагии ба номи ”20-солагии Истиқлолият” доир шуданд.

Дар ҳар яке аз ин вохӯриҳо, ки бо роҳбарии Н. Амиршоҳӣ баргузор шуданд, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров, устоди ДДТТ ба номи Сино Абдуманнон Саидов, дотсенти ДДҲБСТ Алиҷон Одинаев ширкат намуда, доир ба аҳаммияти бузурги таърихии Ваҳдати миллӣ дар рушди мамлакат, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва вусъат бахшидани доираи донишу ҷаҳонбинии ҷавонон маърузаҳову суҳбатҳо намуданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ҳатто ҷони худро дар хатар гузошта, кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Вазифаи насли имрӯз ва оянда он аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои пойдории ҳамешагии он талош намоянд.

Қисмати ҷамъбастии вохӯриҳои зикрагардида дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, вакилони халқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ доир шуд.

 Гурӯҳи таблиғотӣ дар ноҳияи Мастчоҳ  Гурӯҳи таблиғотӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Навид

КИТОБИ «ДОНИШНОМАИ ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИБТИДОИ ҚАРНИ XXI» АЗ ЧОП БАРОМАД

ХУШХАБАР Арҷмандтарин табақаи иҷтимоӣ дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвару мамлакате донишмандони он будаанд ва ҳар мамлакатро дар ҷаҳон эътибори маънавӣ аслан ба воситаи мавҷудияти эшон будааст. Ва аз ин аст, ки ҳар сухани бузург, ки дар ҷаҳон гуфтаанд, онро бештар барои шахси донишманде гуфтаанд ва ҳар сухани ҷаҳонгир, ки дар олам мунташир аст, гуфтаи донишмандест. Пас, барои аҳли ҳар мамлакат воҷиб аст, ки аз ин табақаи иҷтимоии

+ View

МУАРРИФИИ ДУ КИТОБИ ДОНИШНОМАӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик муаррифии китобҳои «Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 60 нафар мутахассисону донишҷӯён аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии

+ View

ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО САРВАРИИ НУРМУҲАММАД АМИРШОҲӢ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

12–17 июни соли 2017 (Мавзӯи таблиғ: бахшида ба “Соли ҷавонон” ва “20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ”) Ҳайати гурӯҳ: – Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ – сармуҳаррири муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик” (сарвари гурӯҳ). – Саидов Абдуманнон – мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор – Одинаев Алиҷон – мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва

+ View

ТОЗАКОР БОШЕМ!

Дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҳашари покнигаҳдорӣ ва ободонии муҳити муассиса сар аз моҳи март то нимаи моҳи июн идома дошт ва дар давоми он гирду атроф аз вуҷуди касофот ва зуболаҳо пок, дарахтони сояафкани атрофи коргоҳ аз шоху бутта ва алафҳои ҳарз раҳову пероста, замини назди муассиса нарму сабзкорӣ ва дар ҳамин мавзеъ ниҳолҳои арча шинонида шуданд. Минбаъд замини сабзкоришуда пайваста обмонӣ ва

+ View

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК

ЭНСИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК