РЕДАКСИЯИ ТАЪРИХ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба таърихи халқи тоҷик, умумиҷаҳонӣ, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ машғул аст. Соли 1969 чун редаксияи таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва санъат таъсис ёфт. Баъдан (1973) ба ду редаксияи алоҳида: Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС ва Таърихи умумӣ, археология ва этнография ҷудо шуд. Солҳои (1989‒2008) редаксияи Таърих ном дошт. Давоми солҳои 2008‒12 бо редаксияи Фалсафа, дин ва ҳуқуқ муттаҳид гардида, унвони редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқро гирифт. Аз соли 2012 бо номи кунуниаш амал мекунад. Редаксия дар табъу нашри ҷилди махсуси «Таджикская ССР», «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (8 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Революцияи Кабири Социалистии Октябрь», «Лениннома», «Энсиклопедияи Хуҷанд», «Энсиклопедияи Душанбе» саҳм гузоштааст. Солҳои зиёд дар редаксия А. Қосимов, М. Муродов, А. Самадов, Р. Шарифов, Т. Шокиров, Р. Раҷабов, А. Ҷалолов (муҳаррирони калони илмӣ), С. Абдуллоев, Х. Салимов (муҳаррирони илмӣ), С. Ғоибов, Ю. Бозоров, Д. Холмуродов, Х. Нозиров (муҳаррирон) ва дигарон кор кардаанд. Феълан дар редаксия 2 нафар: С. Ҳусайнов (мудир), А. Муҳаммадӣ (муҳаррири пешбар) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо барои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғуланд. Мудирони редаксияи Таърихи Тоҷикистон, СССР ва КПСС: Пӯлодов Ӯ. (1969‒73), Абдуманнонов А. (1975‒78), Саъдиев М. (1973‒75; 1979‒82), Назиров У. (1982‒89); редаксияи Таърихи умумӣ, археология ва этнография: Пӯлодов Ӯ (1973‒75), Мирзоев Н. (1975‒78), Валиев А. (1979‒94); редаксияи Таърих, фалсафа, дин ва ҳуқуқ: Раҳматов Б. (2008‒12); редаксияи Таърих: Абдураҳмонов Б. (2012‒15), Ҳусайнов С. (аз соли 2015).

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top