РЕДАКСИЯИ «ОЛИМОНИ ТОҶИКИСТОН», яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии олимони ибтидои асри 21-и Тоҷикистон машғул аст. Соли 2016 таъсис ёфтааст. Дар редаксия 3 нафар: Н. Додов (мудир), Б. Мирзоев (муҳаррири пешбар), И. Исҳоқов (муҳаррири хурд) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳо барои «Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI» машғуланд, ки ҷилди 1-и он соли 2018 (ҳарфи «А», 766 саҳ.) чоп шуд.

РЕДАКСИЯИ НАЗОРАТИ ИЛМӢ ВА ТАҲРИРИ АДАБӢ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки назорати илмӣ ва таҳрири адабии мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедиро анҷом медиҳад. Редаксия мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедиро аз ду ҷиҳат: сохтори орфографӣ ва услуб; архитектоникаи китоб (транскрипсия, ихтисора, ҳавола, этимология ва ғ.) назорат ва таҳрир мекунад: Дар гузашта дар СИЭСТ (ҳоло Энсиклопедияи миллии тоҷик) ду редаксияи назоратӣ – Назорати илмӣ ва луғатнома ва Назорати адабӣ ва библиография амал мекарданд. Соли 1970 ин ду редаксия муттаҳид карда шуда, номи «Назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ»-ро гирифт, ки дар ҳайати он 7 нафар [М. Ҳасанов (мудир), Ф. Муҳаммадиев, С. Улуғзода, Б. Фирӯз, Н. Шанбезода, Т. М. Голс, Т. Мухаммедова (муҳаррирон)] фаъолият доштанд. Соли 1974 ба редаксия номи «Назорати илмӣ ва адабӣ» дода шуда, шумораи кормандонаш ба 12 нафар расида буд. Баъдан (аз соли 1978) штати кормандони редаксия тадриҷан кам шуд: то соли 1988-ум 9 нафар, соли 1989-ум 7 нафар, солҳои 1990–91-ум 5 нафар ва аз соли 1992-юм 2 нафар кор мекарданд. Ҳоло ҳайати редаксия аз мудир, муҳаррири пешбар, муҳаррир ва муҳаррир-унификатор иборат аст. Редаксия дар тӯли фаъолияти худ мақолаҳои нашрияҳои энсиклопедии «Энциклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (2 ҷилд), «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (3 ҷилд), «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», «Энциклопедияи Хуҷанд», «Лениннома», «Энсиклопедияи Душанбе» (нашри 1 ва 2), «Энсиклопедияи Кӯлоб», «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (6 ҷилд) ва ғ-ро аз ҷиҳати илмиву адабӣ таҳрир ва ба чоп омода кардааст. Солҳои гуногун дар редаксия М. Наҷмиддинов, Б. Ҳоҷиев, В. И. Пономаренко, А. Асроров, Т. Идрисов, Д. Икромӣ, Ш. Собиров, М. Тоҷиев, Н. Шанбезода, Ҳ. Ҳамроев, М. Искандаров, А. Нуров, И. Калонов, А. Кенҷаев, Т. Шокиров, И. Раҳимов, Ф. Ғуломов ба ҳайси муҳаррири калони илмӣ, М. Раҷабов, М. Солеҳов, Ӯ. Кӯҳзод, Г. И. Мовчан, А. Маҳмадалиев, С. Ғуломова ба ҳайси муҳаррири илмӣ, Н. Ҳусейнова, Г. Сатторова ба сифати муҳаррир-библиограф, М. Умаров, О. Нуриддинов ҳамчун муҳаррири калон, З. Шарипов, А. Расулов, Н. Шарипова, М. Музаффарова, А. Раҳимов, М. Олимов ба ҳайси муҳаррир ва Ҷ. Д. Қишқорова, М. Маҳмудов, Л. Раҳимова, М. Шовалиева, Ҷ. Раҳмонова ба сифати муҳаррири хурд кор кардаанд. Мудирони редаксия: С. Солеҳов (1970–75), Н. Холмуҳаммадов (1976–80), М. Ҳазратқулов (1981–84), М. Ҳоҷиматов (1985–88), М. Искандаров (1989), Н. Шарипов (1990–2018), Р. Алимшоева (аз январи 2019).

РЕДАКСИЯИ ИҚТИСОДИЁТ, САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт ва саноату кишоварзӣ машғул аст. Соли 1968 баробари СИЭСТ ташкил шудааст. То соли 1983 редаксияи «Хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсӣ» ном дошт, баъдан ба «Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт» табдил шуд. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Дар тӯли фаъолияти редаксия кормандони он (Ёқубов М., Акрамов С., Голтс Т. М., Ёқубов М., Қурбонов Ф., Бурҳонов Қ., Шарипов Н., Қурбонов Ҳ., Холиқов И., Эшонова М., Ҷӯраева М., Раҳимова С., Ғафурова С.) дар ҳамкорӣ бо муаллифон дар таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани луғатномаҳои соҳавӣ ва мақолаҳои марбут соҳаҳои зикршудаи 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (1978–1988), «Таджикская ССР» (1974), 2 ҷилди «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1989), 6 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», донишномаи «Душанбе» саҳм гузоштаанд. Кормандони редаксия бо шуъбаву ин-тҳои дахлдори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, АИ кишоварзии Тоҷикистон, вазорату корхонаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ҳамкории зич дошта, дар таҳия ва пешниҳоди мақолаҳо ҳамеша ба олимону мутахассисони варзида такя мекунанд. Исоматов Б., Тағоев М. Р., Дӯстбоев Ш., Шафиев Б. аз зумраи муаллифони фаъоли мақолаҳои марбут ба редаксия мебошанд. Мудирони редаксия: Ҳоҷиматов М. (1975–85), Тошев А. (1986–91), Шарифова М. (2010–11), Тошева Ш. (2012–13), Абдуллоев Р. (2014), Ҳамадов С. (2015–16), Содиқова М. (2016–2018), И. Холиқов (2019), Ҷ. Сайдалиев (аз июли 2019).

РЕДАКСИЯИ «ДОНИШНОМАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН», яке аз воҳидҳои СИЭМТ, ки ба таълифу таҳия ва ба чоп омода кардани донишномаҳо барои кӯдакону наврасон машғул аст. Соли 1983 дар таркиби СИЭСТ бо номи «Энциклопедияи атфол» таъсис ёфта, то соли 1986 фаъолият дошт. Дар ҳайати он 6 нафар – С. Содиқова (мудир), Р. Раҷабов (муҳаррири калони илмӣ), Р. Маҳмадиева (муҳаррири илмӣ), Н. Салимов, Н. Ҷӯраев, О. Дадоев (муҳаррирон) кор карда, асосан бо таҳия ва тадвини мавод барои китоби донишномаии «Кист он? Чист он?», ки мутаассифона чоп нашудааст, машғул буданд. Бо супориш ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти редаксия аз январи 2015 аз нав ба роҳ монда шуд. Дар тӯли 3 соли фаъолияти худ редаксия китобҳои «Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон» (2013, 2018), «Шинохт ва ёдгирӣ» (2015), «Шигифтиҳои бадан» (2015), «Чӣ? Кай? Дар куҷо?» (2016)-ро таҳия ва ба чоп омода кард. Феълан дар редаксия 5 нафар: Сафаров Н. (мудир), Давлатова С. (муҳаррири хурд), Имодинова С. (рассом), Абдуллоева З. (оператори компютер) кор ва китоби мусаввари «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ ва китоби донишномаии «Кайҳон»-ро барои кӯдакону наврасон ба нашр омода мекунанд. Мудирони редаксия: Содиқова С. (1983–86),  Абдураҳмонов Б. (2015–16), Сафаров Н. (аз 2016).

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top