РЕДАКСИЯИ ГЕОГРАФИЯ, ГЕОЛОГИЯ, ПЕТРОГРАФИЯ, ГЕОДЕЗИЯ ВА СЕЙСМОЛОГИЯ, сохтори таркибии СИЭМТ, ки таълиф, таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои энсиклопедии марбут ба ҷуғрофия, геология, геодезия ва сейсмологияро ба зимма дорад. То миёнаи солҳои 90 асри 20 редаксияи География ва геология ном дошт. Дар редаксия солҳои гуногун М. Ҳафизов, А. Ҳалимов, М. Вазирова, А. Валиев, М. Бозорова, С. Исроилова, Д. Ҷалолов, М. Маҳмудов, З. Шарифова, М. Ҳомидҷонова, М. Азизқулова, И. Қосимов, А. Юсупов, К. Нурматов, Т. Амиршоев, Б. Юсупов (муҳаррирон) кор карда, дар табъу нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» ширкат доштанд. Солҳои 2008–11 редаксия Иқтисодиёт ва географияро ном дошт, ки дар ҳайати он 3 нафар – М. Шарифова (мудир), Ш. Тошева (муҳаррири пешбар) ва А. Зафаров (муҳаррир) фаъолият макарданд. Солҳои 2011–13 ба редаксияи География, иқтисодиёт ва саноат табдил дода шуд (муҳарриронаш И. Раҳматуллоев, А. Зафаров, Б. Шарифов). Аз соли 2013 бо номи имрӯзааш амал мекунад. Ҳоло дар он А. Зафаров (муҳаррири пешбар), Искандари Ориф (муҳаррир) Н. Сайвалӣ (муҳаррир, 2015–16), И. Исҳоқов (оператор, 2015–16) кор мекунанд. Редаксия дар нашри 6 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» ва донишномаи «Душанбе» ширкат намуда, китоби «Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон»-ро ба чоп омода кардааст. Редаксия мақолаҳои энсиклопедиро асосан бо такя ба муаллифон, ки мутахассисони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии воқеъ дар ш-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар (аз ҷумла М. Раҳимов, Х. Муҳаббатов, М. Ҷанобилов, Ю. Мамадҷонов, Н. Шарипов, К. Вазиров, Б. Шарифов, Ҳ. Пирумшоев, З. Мӯсоев, А. Ниёзов, О. Маҷидов, А. С. Мункӣ, Р. Абдуллоев) мебошанд, омода месозад. Редаксия ба нақша гирифтааст, ки дар ояндаи наздик китобҳои донишномаии «Луғати тафсирии ҷуғрофия», «Топонимикаи Тоҷикистон», «Топонимикаи Ховалинг» ва топонимикаи дигар шаҳру ноҳияи Тоҷикистонро барои нашр кардан тайёр кунад. Мудирони редаксия: Олимов Ӯ. (1968–88), Шарифова М. (2008–11), Тошева Ш. (аз 2011).

РЕДАКСИЯИ БИОЛОГИЯ, ХИМИЯ, ТИБ ВА КИШОВАРЗӢ, яке аз сохторҳои таркибии СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба набототу ҳайвонот, химияву тиб ва кишоварзии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва энсиклопедияҳои соҳавӣ машғул аст. Соли 1968 ташкил шуда, то миёнаи солҳои 90 асри 20 редаксияи Биология, химия ва тиб ном дошт. Аввали соли 2000 дар натиҷаи бо редаксияи Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт муттаҳид карда шудан номи редаксияи Тибииётро гирифта буд. Аз соли 2005 бо номи кунуниаш амал мекунад. Редаксия дар табъу нашри «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» (иборат аз 8 ҷилд) фаъолона ширкат дошта, ҳамчунин китобу луғатҳои зиёдеро ба табъ расондааст, ки соҳаҳои гуногуни илмро дар бар мегиранд: фарҳанги тиббии русӣ-тоҷикӣ-лотинӣ («Медицинский словарь», муаллиф Расулов М. Я., иборат аз 5 ҷилд; 1973–1988), «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (иборат аз 2 ҷилд; 1989–1991), «Энциклопедияи мухтасари тиб» (мураттиб Абдушукур Раҷабзод, иборат аз 5 ҷилд; 2011–2012), «Энциклопедияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (мураттиб А. Раҷабзод, 2009), «Вожаномаи тиббӣ» (мураттибон У. Қурбон ва А. Раҷабзод; иборат аз 2 ҷилд ва тақрибан 60000 вожа, 2014) ва «Фарҳанги тибби ниёгон» (мураттибон У. Қурбон ва А. Раҷабзод; 2016). Солҳои гуногун дар редаксия М. Самиев, Н. М. Қобилов, Р. Бобохӯҷаев, Т. Аҳмадов, А. Тошев, Т. Идрисов, Қ. Иброҳимов, Ю. Валиев, Ҷ. Раҳмонова, Г. Иззатшоева, Н. Мамадҷонова, Ҷ. Самехова, М. Мирзоева фаъолият намуда, дар пешрафти кори он саҳми арзанда гузоштаанд. Феълан дар редаксия 3 нафар: М. Мирзоева (мудир), А. Тошев (муҳаррири пешбар), М. Нозимшо (муҳаррир) кор мекунанд. Онҳо ба таҳия ва таҳриру тадвини мақолаҳо барои ҷилдҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғуланд. Ҳамчунин мақсад доранд, ки дар оянда «Луғати тиббии русӣ – тоҷикӣ – англисӣ» (қариб 70 ҳазор калима) ва китобҳои энсиклопедии «Донишномаи тибби оилавӣ» ва «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Синоро барои чоп омода созанд. Мудирони редаксия: Ғаниев А. (1968–77), Самиев М. (1977–80), Қобилов Н. М. (1982–89), Тошев А. (2008–2018) М. Мирзоева (аз январи 2019).

РЕДАКСИЯИ АСТРОНОМИЯ, ФИЗИКА, МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНИКА, яке аз сохторҳои таркибии СИЭСТ ва СИЭМТ, ки таълиф, таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба улуми табиатшиносӣ, риёзӣ, кайҳоншиносӣ ва техникаро анҷом медиҳад. Баробари СИЭСТ (1968) таъсис ёфта, редаксияи Физика, математика ва техника ном дошт. Соли 1992 фаъолияташ қатъ шуд. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш дубора фаъол гардид. Редаксия дар табъу нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», ҷилдҳои махсуси «Таджикская ССР», «Энциклопедияи мухтасари рӯзғордорӣ» саҳм дошта, «Луғати русӣ-тоҷикии астрономия» (1977) ва «Энциклопедияи физика»-ро ба чоп омода кардааст. Дар таҳия ва тадвини маводди марбут ба коинот дар «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» саҳм гузоштааст. Солҳои гуногун дар он А. Ҳоҷиев, Т. Шодиев, Н. Абдуллоев, Ҳ. Раҳматов, А. Норқулов, Н. Ғафуров, Я. Шукуров, А. Қурбонов, С. Содиқова, Р. Маҳмадиева, А. Исоев, А. Самиев, Л. Турсунов, Қ. Самадов, М. Абдушукурова, М. Холов, М. Қозиҷонова, Ф. Саидбекова фаъолият кардаанд. Редаксия бобати таҳияи луғатнома ва таълифи мақолаҳои соҳа дар давраҳои гуногун бо олимону мутахассисони муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълимиву саноатии ҷумҳурӣ (А. Асроров, П. Бобоҷонов, Н. Ғафуров, Н. Қозиҷонова, Р. Муқимов, С. Табаров, Ш. Тӯйчиев, Я. Шукуров, Т. Ҷӯраев, П. Нуров ва дигарон) ва «Большая Советская Энциклопедия» ҳамкорӣ кардааст. Феълан редаксия ба таҳияву таҳрир ва тадвини мақолаҳо барои ҷилдҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғул аст. Редаксия тасмим дорад дар оянда «Донишномаи астрономия» ва «Донишномаи физика»-ро ба чоп омода кунад. Мудирони редаксия Ҳоҷиев А. (1969–72), Абдуллоев Н. (1974–76), Самадов Қ. (1976–77), Раҳматов Ҳ. (1977–78), Қурбонов А. (1980–88), Холов М. (2008–12) Содиқова С. (аз 2013).

РЕДАКСИЯИ АДАБИЁТ, ЗАБОН ВА ФОЛКЛОР, ҳамзамон бо таъсиси СИЭСТ (1968) ба фаъолияти худ оғоз намуда, ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклор машғул аст. Дар нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», 6 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (дар ҳар ҷилд тақр. 400 мақола), 3 ҷилди «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (1988−2004), китобҳои бадеии «Самаки айёр», «Бадоеъу-л-вақоеъ», «Бахтиёрнома», «Ҷомеъу-л-ҳикоёт» ва даҳҳо китоби хурду бузурги соҳавӣ саҳми асосӣ дорад. Аз соли 1968 то 1978, яъне то нашри ҷилди аввали «Энциклопедияи Совети Тоҷик» кори редаксия аз таҳияи луғатномаи соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ иборат буд. Баъдан кори редаксия дар асоси ҳамин луғатнома ба роҳ монда шуд. Дар редаксия 5 нафар кор мекарданд. Солҳои гуногун дар он Асроров А., Ансоров М., Исломова М., Каримов Ф., Музаффарова М., Муртазоева Н., Саъдиев С., Турсунзода П., Ҷалолов А., Ҷумъаев Ш., Шоалиева М., Эшов М., Яҳёев У. ва дигарон фаъолият карда, дар таҳриру тадвин ва таҳияи мақолаҳои соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ саҳм гузоштаанд. Редаксия ҳоло асосан дар бораи шоирони соҳибдевони асрҳои гузашта, олимону адабиётшиносон, забоншиносону фолклоршиносон, мутарҷимон, намояндагони машҳури адабиёти халқҳои ҷаҳон, ки ба фарҳангу адаби тоҷикон иртибот доранд ё дар тарғиби осори гаронбаҳои адабиёт ва забони тоҷикон саҳм гузоштаанд, аз рӯи маъхазҳои муътамади адабӣ, тазкираҳо, истилоҳоти махсуси соҳа мақолаҳо омода карда, барои нашри «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» пешниҳод мекунад. Айни замон дар редаксия 4 нафар: Ф. Маҳмадуллоев (мудир), М. Диловаров, О. Шакурзода (муҳаррирони пешбар), А. Рауфова (муҳаррири хурд) фаъолият доранд. Барои таҳияи мақолаҳои энсиклопедӣ редаксия беш аз 150 муаллиф (Кӯчаров А., Камолиддинов Б., Исрофилниё Ш., Раҳматуллозода С., Қосимов О., Қаландаров Ҳ., Мардонӣ Т., Сатторзода А.) аз марказҳои илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои соҳавии воқеъ дар ш-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ҷалб кардааст. Редаксия тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик донишномаи соҳаи забоншиносиро ба табъ расонад. Мудирони редаксия: Азизқулов Ҷ. (1968−81), Диловаров М. (1981−88; 1989−2015), Бақозода Ҷ. (1985−89), Маҳмадуллоев Ф. (аз соли 2015).

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top