«ЭНСИКЛОПЕДИЯИ НАСРИ ФОРСУ ТОҶИК», донишномаест, ки аз 8 китоб иборат буда, намунаҳои барҷастаи насри классикии форсу тоҷикро фаро гирифтааст. Дар китобҳои 1‒2 қиссаи «Самаки айёр», ки аз 7 ҷилд иборат аст, ҷой дода шудаанд. Қиссаи мазкур ганҷинаи бузурги забони зиндаи гуфтугӯии асрҳои 11‒13 буда, нафосату зарофат, тарию тозагӣ ва рангу нақши забони халқро нигоҳ доштааст.
«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ МУХТАСАРИ РӮЗГОРДОРӢ», нахустин донишнома дар бахши рӯзгордорӣ ба забони тоҷикӣ. Соли 1988 ба табъ расидааст. СИЭСТ онро дар асоси «Краткая энциклопедия домашнего хозяйство» (1984) бо дар назар доштани маълумоти минтақавӣ тарҷума ва ба чоп омода кардааст. Аз 7 фасл: «Истиқоматгоҳ», «Хӯрок», «Тандурустӣ ва косметика», «Либос ва пойафзол», «Дар вақти фароғат», «Боғ ва полез», «Маълумоти ҳуқуқӣ» иборат аст.
«ҲАМРОҲИ РӮЗА», донишномаи рӯза, ки ба манзури баланд бардоштани сатҳи донишҳои маърифатӣ ва шинохтҳои динии оммаи мардум ва ба вуҷуд овардани андешаи таҳлилӣ ва таҳдоби устувори илмӣ дар онҳо таҳия гардидааст.
«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ ТОҶИК», донишномаи умумӣ. Иборат аз 3 ҷилд. Ҷилди 1 (1988) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои А – К (АБАЙ – КАЛИМ), ҷилди 2 (1989) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои К – Р (КАЛИМ – РАБОТ) ва ҷилди 3 (2004) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои Р – Ҷ (РАВЗАНА – ҶӮРАЕВ)-ро дар бар мегирад.