«ДОНИШНОМАИ МУХТАСАРИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН», нахустин донишномаи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон. Барои кӯдакони аз синни 8-сола боло пешбинӣ шудааст. Доир ба таърих, физика, астрономия, биология, ҷуғрофия, санъат ба таври умумӣ ва мухтасар маълумот медиҳад.
Китоби мазкур бо сарсухан оғоз шуда, дар хусуси таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳои таърихи олам, ниёгони тоҷикон, давлатҳо ва сулолаҳои ҳукмрони эронитаборон аз қадим то давраи нави таърихӣ, дар бораи кайҳон ва ҷирмҳои осмонӣ, олами ҳайвонот, наботот, одам, ҷуғрофия маълумот медиҳад. Маводди бештари донишнома таърихи миллати тоҷик ва ғановати табиии Тоҷикистонро фаро гирифта, аз 563 саҳифа иборат аст. Донишнома дар СИЭМТ таҳияву тадвин шуда, нашри якуми он соли 2013 ва нашри дуввумаш бо таҳриру иловаҳо соли 2018 дар матбааи «Эр-граф» мутаносибан бо теъдоди 800–5000 нусха ба табъ расидааст.