Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

«ЭНСИКЛОПЕДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИК», нахустин асари бисёрҷилдаи донишномавии миллӣ-универсалӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки таҳияву нашри он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 оғоз ёфт. Тӯли 10 соли охир 7 ҷилди он ба табъ расид. Мақолаҳои ҷилди 1 (2008) бо ҳарфи А (А – АСОС), ҷилди 2 (2011) бо ҳарфҳои А – Б (АСОС – БОЗ), ҷилди 3 (2014) бо ҳарфҳои Б – В (БОЗ – ВИЧКУТ), ҷилди 4 (2015) бо ҳарфҳои В – Г (ВИЧЛАС – ГӮЯНДА), ҷилди 5 (2017) бо ҳарфҳои Ғ – Д (Ғ ‒ ДИРОЯ), ҷилди 6 (2018) бо ҳарфҳои Д ‒ З (ДИРҲАМ‒ ЗАМОН), ҷилди 7 бо ҳарфҳои З ‒ И (ЗАМИН ‒ ИЛЯ ), ҷилди 8 бо ҳарфҳои И ‒ И (Илм ‒ Исҳоқ) оғоз мешаванд. Нашри «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дар 25 ҷилд дар назар дошта шуда, дар онҳо дар бораи тамоми соҳаҳо ва мавзӯъҳои ҳаёти моддиву маънавии Тоҷикистон, аз ҷумла таърих, ҷуғрофия, табиат, иқлим, олами набототу ҳайвонот, кишоварзӣ, саноат, меъморӣ, сохтмон, миёсат, илм, маориф, тиб, фарҳанг, санъат, адабиёт, ёдгориҳои таърихӣ, варзиш, туризм, урфу одат, ҷашну маросим, дин, ҳуқуқ, фалсафа, шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, илму маърифат, адибону ҳунармандон, санъаткорони тоҷик ва ғайра маълумоти муфассалу мухтасар дарҷ мегарданд. Бахше аз матолиби «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» мавзӯъҳои таърихи ҷаҳонӣ, муҳимтарин дастовардҳои илму техника, фарҳанги умумибашарӣ ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳониро фаро мегиранд. Дар 7 ҷилди чопшудаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дар баробари мақолаҳои марбут ба мавзӯъҳои зикршуда, инчунин маводди зиёди тасвирӣ (аксҳо нақшаҳо, харитаҳову диаграммаҳо ва ҷадвалҳои оморӣ) ҳам ҷой дода шудаанд. Дар таҳия, таълиф, таҳрир ва тадвини мақолаҳои онҳо мутахассисони муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, идораҳои давлатӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, олимони соҳаҳои алоҳидаи илму фарҳанг ва кормандони редаксияҳои СИЭМТ ширкат кардаанд. Ҷилдҳои 1, 2-и  «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» дар «Полиграфкомбинат»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷилдҳои 3, 4, 5, 7, 8 дар нашриёти «Эр-Граф» ва ҷилди 6 дар нашриёти «Ганҷ»-и Тоҷикистон бо теъдоди 5000-нусхагӣ нашр шудаанд.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 8 (Илм – Исҳоқ). Душанбе, 2019. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 676 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-68-12-0

Подробнее...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 5 (Ғ – Дироя). Душанбе, 2017. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 664 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-67-5

Подробнее...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 8 (Замин – Илля). Душанбе, 2018. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 648 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-69-9

Подробнее...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 4 (Вичлас – Гӯянда). Душанбе, 2015. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 660 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-77-4

Подробнее...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 6 (Дирҳам – Замин). Душанбе, 2017. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 664 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-69-9

Подробнее...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Ҷилди 3 (Боз – Вичкут). Душанбе, 2014. Сарредаксияи илмии
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 676 саҳифа бо тасвирҳо.

ISBN 978-99947-33-46-0

Подробнее...
Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top