Энсиклопедияи Советии Тоҷик
«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК» («ЭСТ»), аввалин донишномаи бисёрҷилдаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ. Бо қарори КМ ҲК РСС Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷ. солҳои 1978–88 аз ҷониби СИЭСТ таҳия ва ба чоп омода карда шудааст. Ҷилди 1-и он соли 1987, 2 – 1980, 3 – 1981, 4 – 1983, 5 – 1984, 6 – 1986, 7 – 1987 ва ҷилди 8 соли 1988 бо теъдоди 5 – 10 ҳазор нусхаӣ ба табъ расидааст. Зимни таҳия ва тадвини он аз тарзи донишноманигории дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ, бахусус «Большая Советская Энциклопедия» (1949–58) истифода шудааст. 8 ҷилди «ЭСТ» дар маҷмӯъ беш аз 35 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. Қисми зиёди мақолаҳои донишнома дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо дар бораи таърих, ҷуғрофия, илму техника, иқтисодиёт, фарҳанг, адабиёту санъат, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимону арбоби маъруфи давлативу ҷамъиятӣ, ҳизби коммунистӣ, илму маърифат, адибон ва санъаткорони шинохта, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ маълумоти умумӣ ва мухтасар дода шудаанд. Дар донишномаи мазкур, ҳамчунин саҳми мардуми тоҷик дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ, Инқилоби Октябр ва таҳкими ҳокимияти шӯравӣ инъикос гардидааст. Ҳамзамон бахше аз матолиби «ЭСТ» ба ҳаёти мардумони ҷумҳуриҳои шӯравӣ, воқеаҳои муҳимми ҷаҳон, ҳаракати коммунистӣ ва коргарӣ, муборизаи озодихоҳии мардумони кишварҳои хориҷӣ, демократия ва сотсиализм, фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, соҳаҳои гуногуни илму техника, фарҳангу маданияти ҷаҳонӣ ва намояндагони маъруфи он ва ғайра бахшида шудаанд. Вобаста ба зарурат ва аҳаммияти мавзӯъ дар «ЭСТ» феҳрист, аксу тасвир, нақша ва харита низ ҷой дода шудааст. Дар таълифу таҳия, тадвин ва ба чоп омода кардани он олимону мутахассисони соҳаҳои гуногуни ниҳодҳои илмиву таълимии ҶШС Тоҷикистон ва кормандони СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳамаи ҷилдҳои «ЭСТ» дар Комбинати полиграфии Душанбе чоп шудаанд.