Китобҳои мо

Энсиклопедияи Советии Тоҷик

Аввалин донишномаи бисёрҷилдаи универсалӣ ба забони тоҷикӣ...

Бештар...

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Нахустин асари бисёрҷилдаи донишномавии миллӣ-универсалӣ...

Бештар...

Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо...

Бештар...

Донишномаҳои кӯдакон ва наврасон

 

Нахустин донишномаи кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон....

Бештар...

Донишномаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

Китоб-маълумотнома дар бораи ҳудудҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Бештар...

«ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ ТОҶИК», донишномаи умумӣ. Иборат аз 3 ҷилд. Ҷилди 1 (1988) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои А – К (АБАЙ – КАЛИМ), ҷилди 2 (1989) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои К – Р (КАЛИМ – РАБОТ) ва ҷилди 3 (2004) мақолаҳои сароғоз бо ҳарфҳои Р – Ҷ (РАВЗАНА – ҶӮРАЕВ)-ро дар бар мегирад.

Ҳар се ҷилд беш аз 9 ҳазор мақола дорад. Донишнома маълумоти ҷомеъу мухтасарро дар бораи тавсифи давраҳои таърихии адабиёт ва санъат, ҷараёнҳои адабӣ, жанр, сабк, истилоҳот, назария ва масъалаҳои умдаи адабиётшиносӣ, ҳунаршиносӣ, синамо, театр, телевизион, муҷассамасозӣ, ҳунари ороиши амалӣ, меъморӣ, осори адабӣ, мусиқишиносӣ, анвои ҳунар ва фарҳанг, фолклор, шарҳи ҳоли адибон, шоирон, ҳунарпешагон, санъатшиносон, оҳангсозони давраи гузаштаву муосир, ҷашнҳои мардумӣ ва дигар унсурҳои хосси адабу фарҳанг ва ҳунарро дар бар мегирад. Қисми асосии мақолаҳои донишнома ба таҳлил ва тафсири мавзуъҳои адабу фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида шудаанд. Донишномаи мазкур дар омӯзиши таърихи ҳунар ва масъалаҳои муҳимми адабиётшиносиву санъатшиносӣ яке аз манбаъҳои арзишманд маҳсуб мешавад. Дар таҳия ва нашри он олимону мутахасссисони муассисаҳои илмӣ (ИЗА, сектори таърих, Ин-ти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон), донишгоҳу донишкадаҳо, иттифоқҳои эҷодӣ, ходимони соҳаи илму фарҳанг, инчунин олимону мутахассисон аз шаҳрҳои Маскав, Ленинград ва Тошканд ва кормандони редаксияҳои Адабиёт, Санъат, Луғатнома, истилоҳот ва нашри луғатҳои дузабона, Назорати илмӣ ва адабӣ, Тасвирот ва харита, шуъбаҳои Истеҳсолот, Комплект, Тасҳеҳоти СИЭСТ ширкат кардаанд. Ҳар се ҷилди донишнома дар Комбинати полиграфии Душанбе бо теъдоди 15000-нусхагӣ ба табъ расидаанд.

Таърихномаи Табарӣ

Аввалин таърихномаи умумиҷаҳонӣ дар тамоми мамлакатҳои исломӣ...

Бештар...

Фиқҳи исломӣ

Китоб оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фиқҳӣ ва маорифи исломӣ...

Бештар...

Нигористон 

Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI

Асари бисёрҷилдаи донишномавӣ дар бораи олимони тоҷик... 

Бештар...

Охирин хабарҳо

Рӯнамоии ҷилди севуми ...

18 марти соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии ...

Таҷлил аз Наврӯз дар ...

Барномаи расмии таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ бо ...

ДАР ҲАҚҚИҚАТИ ДИРАФШИ ...

Хурдтарин далелро барои эҳёи ягон ҷузъи арзиши ...

Template Settings
Select color sample for all parameters
Red Green Blue Gray
Background Color
Text Color
Google Font
Body Font-size
Body Font-family
Scroll to top