Печать

Барномаи расмии таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки кормандони муассиса дар рӯзи 30 март баргузор шуд. Раиси Муаасисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар ин маросим иди Наврӯзро ба мардум шодбош гуфт. 

Вай гуфт: Тайи ҳазорон сол талош карданд, то монеъи пешвози тоҷикон аз ин ҷашн шаванд ва онро аз байн баранд, аммо бо вуҷуди ҳама монеаҳо ин ҷашни бостонӣ дар Тоҷикистон эҳё шуд ва аз байн нарафт.

Баъд аз сабти ҷаҳонии Наврӯз  дар соли 2012, аз ин ҷашн дар Тоҷикистон ба таври густарда таҷлил мешавад. Маросими наврӯзӣ аз 21 март оғоз гардида 13 рӯз идома мекунад, ки анҷоми он бо номи “Сездаҳбадар” маъруф аст.