Печать
Ҳайати кормандони СИЭМТ даргузашти донишманди маъруф ва устоди арҷманд Шайх Сайиднуриддин Шаҳобуддиновро ба хонаводаву бозмондагони муҳтарами эшон ва ҷомеъаи илмиву донишгоҳии кишвар таслият гуфта, барои устод Сайиднуридин Шаҳобуддинов, раҳмату мағфирати илоҳиро талаб менамоянд.
 

Сайиднуриддин Шаҳобуддинов  21 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар 78-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.

Устод Шаҳобуддинов, шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ, аз мутарҷимонии бузурги осори Абӯалӣ ибни Сино буданд ва 30 умри бобаракати хешро ба тарҷумаи "Қонуни тиб" сипарӣ карданд, ки ахиран мукаммалтарин матни ин китоб, чанде пеш бо ибтикори сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик, номзади илми таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази меросӣ хаттӣ дар як муҷаллад интишор ёфт.