Печать

Китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид.

Ин китоб, ки ҳудуди 1000 сол фақат нусхаи арабии он дар дастрас буд, қаблан ҳам ба забону дабираи форсӣ ва хатти сирилик дар чанд ҷилд мунташир шуда буд. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷамаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов, ки дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба порсии дарии замони Ибни Сино бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом додааст, бори аввал ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури хонанда мегардад.

Ибни Сино ҳанӯз ҳангоми дар Гургон буданаш (соли 1012) ба хоҳиши яке аз дӯстони бисёр наздикаш, ки ба қавли худи ӯ, дархости ӯро рад кардан номумкин будааст, ба таълифи китоби «ал-Қонун» мепардозад ва дар он ҷо китоби аввали онро ба анҷом мерасонад. Сипас, ин корро дар Рай ва Ҳамадон давом дода, тақрибан соли 1024 аз таълифи комили он фориғ мешавад. Ғарази Ибни Сино аз таълифи ин китоб, чунонки худи ӯ дар муқаддима ёдовар мешавад, ин будааст, ки муҳимтарин қонуну қоида ва асосҳои умумию ҷузъии илми тибро ба қадре, ки донистани он барои ҳар як пизишки мутавассит ногузир аст, ба таври бисёр мӯҷаз дар як китоби мухтасар гирд оварад.

    

 

© Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик