Печать

Ба муносибати таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик чанд тан аз кормандони фаъолу бомасъулият ва ботаҷрибаи МД СИЭМТ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишону ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Кормандон Абдуллоева З., Зафаров А. ба Нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Акбаров Н., Неъматов Ф., Холов М. ба Нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Холисов Ш., Матробов М., Нурова М., Саидзода Д., Қодиров М. ба “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдир шуданд. Ҳамчунин ба МД СИЭМТ барои иштироки фаъол дар таҳия ва нашри китоб, тарғибу ташвиқи китобдорию китобхонӣ дар ҷомеа, инъикоси дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири фарҳанг Давлатзода З.Д. сипоснома тақдим шуд.