Печать

Рӯзи 15 ноябри соли 2019 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҷамъомади тантанавии ҳайати кормандони муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанг ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода, директори Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб-Хонаи Китоби Тоҷикистон Қурбоналӣ Буриев, директори КВД Таъминот ва савдои «Китоб» Сироҷиддин Икромӣ, директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Нуралӣ Ҳасанов, директори нашриёти «Адабиёти бачагона» Содиқи Завқӣ ва кормандони ин муассисаҳо иштироку суханронӣ карданд.

Дар ҷамъомад бо ёдоварӣ аз хидматҳову талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, боло бурдани нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ, зикр гардид, ки маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд ва дар он марҳалаи бениҳоят ҳассоси таърихӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта, Ватанро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз парокандагиву оворагӣ наҷот доданд.