Печать

18-уми апрели соли равон бо сарварии раиси Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар муассисаи мазкур шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар рафти шанбегӣ кормандони муассиса гирду атроф ва дохили биноро тоза ва озода намуданд. Инчунин, як гуруҳи кормандон барои баровардани партов аз дохили бино сафарбар шуда, дар давоми кор тамоми роҳравҳоро аз партовҳо тоза карданд. Гуруҳи дигари кормандон бошанд, бинои варзишии ноободи муассисаро рангубор намуданд.

Бонувони меҳнатқарини муассиса низ бо дастгирӣ аз ин ташаббуси нек, дару тирезаҳои ҳуҷраҳои кориро шустанд.