Печать

18 июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси умумӣ доир гардид. Дар он ду масъала-интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ва нақши Ваҳдати миллӣ дар ҳаёту тақдири мамлакат ибрози андеша карда шуд.

Убайдулло Қурбонзода – муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди фаъолияти ҳизби бонуфузу пешсафи ҷомеа, аъзои он ва алалхусус фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки имсол барои ҳизбиён соли пурмасъул ва ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, аъзои ҳизбро мебояд аз ҳарвақта бештар фаъол бошанд. Мавсуф дар мавриди ҳодисаи бузурги таърихӣ-Ваҳдати миллӣ изҳор дошт, ки самараи неки ин рӯйдод имрӯз аён аст, ки дар як муддати кутоҳи таърихӣ ҳама шохаҳои давлатӣ бо суръат рушд намуда, сокинони мамлакат аз ин дастоварди таърихи фаровон истифода мебаранд. Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти минбаъдаи мамлакат нақши мусбӣ бозида, моро ба ормонҳои ниҳоиямон расонд.Пасон бо тарафдории аъзоёни ҳизб Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” ва Неъматулло Акбар муовини раиси ташкилоти ибтидои интихоб гардиданд.

 

На изображении может находиться: 1 человек, сидит, стол и в помещении 
На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, стол и в помещении На изображении может находиться: один или несколько человек, люди сидят, стол и в помещении 
На изображении может находиться: 1 человек, сидит, стол и в помещении На изображении может находиться: люди сидят, стол и в помещении