Печать

Ҳайати кормандони Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик даргузашти яке аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва пажӯҳишии кишвар, узви пешини ҳайати мудира ва яке аз кормандони то поёни умр фаъолу пуркори Сарредаксия Баҳодурхон Раҳматовро ба хонаводаи марҳум ва аҳли фарҳангу пажӯҳиш таслият мегӯянд.

Устод Баҳодурхон Раҳматовро ба унвони яке аз чирадасттарин донишноманигорони тоҷик мешинохтанд. Ӯ 10 сентябри соли 1952 дар хонаводаи фарҳангӣ дар Шуғнон чашм ба олам кушуд ва пас аз як умри талош дар арсаи пажӯҳишу нигориш  дар синни 68-солагӣ бар асари бемории қалб дори фониро падруд гуфт.

Устод Баҳодурхон дар соли 1973 аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон фориғуттаҳсил шуд ва соле баъд ба ҳайси муҳаррири хурд дар бахши назорати илмӣ ва библиографияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ба фаъолият пардохт. Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар артиши шӯравӣ (1973–74) дубора ба кори донишноманигорӣ баргашт ва то соли 1980 симати муҳаррири бахши фарҳанг ва ҳунар (редаксияи маданият ва санъат)-ро ба уҳда дошт. Солҳои 1980–86 барои иҷрои супоришҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон истихдом шуд. Баъд аз он дар вазифаҳои муҳаррири калони илмӣ, мудири бахши фарҳанг ва ҳунар (1986–97), ҷонишини сармуҳаррир-котиби масъули Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик (1997‒2016) кор кард. Соли 2016 бознишаста шуд ва асосан ба таҳриру тадвини мақолаҳои «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» машғул буд. Устод Раҳматов узви пешини ҳайати мудира ва узви фаъоли Шӯрои назорати илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик низ буд.

Аз фаъолиятҳои арзишманди илмиву масъулиятҳои иҷроии устод Баҳодурхон Раҳматов метавон ба мавориди зер ишора кард: таҳриру тадвини мақолаҳои ҷилдҳои «Энциклопедияи советии тоҷик», «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Энсиклопедияи миллии тоҷик», «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», таҳрири донишномаҳои «Душанбе» (2016), «Кӯлоб» (2006), нигориш ва тарҷамаи чандин китобу мақола дар заминаҳои таъриху фарҳангу адаб, ба монанди: «Алломаи бузурги машриқзамин», «Асолати эҳё», «Зардушт куҷоист?», «Маъбади муғон ва мадрасаи мусулмонон», «Таҳрифи таърих»), ҳамчунин таҳрири 220 китоб, аз он ҷумла 28 китоби дарсӣ.

Бо нишони Аълочии матбуоти СССР (1988), Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР (1987), Ифтихорномаи давлатии Ҷумҳурии Афғонистон (1983), медали «Ҷасорат» (1985) ва ордени «Дӯстӣ» (2001) сарфароз гардидааст.