Печать

7 сентябри соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода, роҳбарияти вазорат ва кормандони соҳаи фарҳанг ба ифтихори 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

 Ширин Исматуллозода аҳли фарҳангу ҳунарро бо ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба чанде аз кормандони муассисаҳои тобеъи вазорат медали «Хизмати шоиста» супорид.

Аз ҷумла, дар ин ҷамъомад мудири редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабии СИЭМТ Алишер Муҳаммадӣ ва мудири редаксияи географияи СИЭМТ Шаҳрбону Мусозода тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хидматҳои назаррас дар рушди соҳа бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардиданд.

© Вебгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон