-
Опубликовано: 10 апреля 2019
РЕДАКСИЯИ АДАБИЁТ, ЗАБОН ВА ФОЛКЛОР, ҳамзамон бо таъсиси СИЭСТ (1968) ба фаъолияти худ оғоз намуда, ба таҳия, таҳрир, тадвин ва ба чоп омода кардани мақолаҳои соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклор машғул аст. Дар нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», 6 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (дар ҳар ҷилд тақр. 400 мақола), 3 ҷилди «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (1988−2004), китобҳои бадеии «Самаки айёр», «Бадоеъу-л-вақоеъ», «Бахтиёрнома», «Ҷомеъу-л-ҳикоёт» ва даҳҳо китоби хурду бузурги соҳавӣ саҳми асосӣ дорад. Аз соли 1968 то 1978, яъне то нашри ҷилди аввали «Энциклопедияи Совети Тоҷик» кори редаксия аз таҳияи луғатномаи соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ иборат буд. Баъдан кори редаксия дар асоси ҳамин луғатнома ба роҳ монда шуд. Дар редаксия 5 нафар кор мекарданд. Солҳои гуногун дар он Асроров А., Ансоров М., Исломова М., Каримов Ф., Музаффарова М., Муртазоева Н., Саъдиев С., Турсунзода П., Ҷалолов А., Ҷумъаев Ш., Шоалиева М., Эшов М., Яҳёев У. ва дигарон фаъолият карда, дар таҳриру тадвин ва таҳияи мақолаҳои соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фолклоршиносӣ саҳм гузоштаанд. Редаксия ҳоло асосан дар бораи шоирони соҳибдевони асрҳои гузашта, олимону адабиётшиносон, забоншиносону фолклоршиносон, мутарҷимон, намояндагони машҳури адабиёти халқҳои ҷаҳон, ки ба фарҳангу адаби тоҷикон иртибот доранд ё дар тарғиби осори гаронбаҳои адабиёт ва забони тоҷикон саҳм гузоштаанд, аз рӯи маъхазҳои муътамади адабӣ, тазкираҳо, истилоҳоти махсуси соҳа мақолаҳо омода карда, барои нашри «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» пешниҳод мекунад. Айни замон дар редаксия 4 нафар: Ф. Маҳмадуллоев (мудир), М. Диловаров, О. Шакурзода (муҳаррирони пешбар), А. Рауфова (муҳаррири хурд) фаъолият доранд. Барои таҳияи мақолаҳои энсиклопедӣ редаксия беш аз 150 муаллиф (Кӯчаров А., Камолиддинов Б., Исрофилниё Ш., Раҳматуллозода С., Қосимов О., Қаландаров Ҳ., Мардонӣ Т., Сатторзода А.) аз марказҳои илмӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои соҳавии воқеъ дар ш-ҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ҷалб кардааст. Редаксия тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик донишномаи соҳаи забоншиносиро ба табъ расонад. Мудирони редаксия: Азизқулов Ҷ. (1968−81), Диловаров М. (1981−88; 1989−2015), Бақозода Ҷ. (1985−89), Маҳмадуллоев Ф. (аз соли 2015).