-
Опубликовано: 10 апреля 2019
РЕДАКСИЯИ АСТРОНОМИЯ, ФИЗИКА, МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНИКА, яке аз сохторҳои таркибии СИЭСТ ва СИЭМТ, ки таълиф, таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани мақолаҳои марбут ба улуми табиатшиносӣ, риёзӣ, кайҳоншиносӣ ва техникаро анҷом медиҳад. Баробари СИЭСТ (1968) таъсис ёфта, редаксияи Физика, математика ва техника ном дошт. Соли 1992 фаъолияташ қатъ шуд. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш дубора фаъол гардид. Редаксия дар табъу нашри 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», ҷилдҳои махсуси «Таджикская ССР», «Энциклопедияи мухтасари рӯзғордорӣ» саҳм дошта, «Луғати русӣ-тоҷикии астрономия» (1977) ва «Энциклопедияи физика»-ро ба чоп омода кардааст. Дар таҳия ва тадвини маводди марбут ба коинот дар «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» саҳм гузоштааст. Солҳои гуногун дар он А. Ҳоҷиев, Т. Шодиев, Н. Абдуллоев, Ҳ. Раҳматов, А. Норқулов, Н. Ғафуров, Я. Шукуров, А. Қурбонов, С. Содиқова, Р. Маҳмадиева, А. Исоев, А. Самиев, Л. Турсунов, Қ. Самадов, М. Абдушукурова, М. Холов, М. Қозиҷонова, Ф. Саидбекова фаъолият кардаанд. Редаксия бобати таҳияи луғатнома ва таълифи мақолаҳои соҳа дар давраҳои гуногун бо олимону мутахассисони муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълимиву саноатии ҷумҳурӣ (А. Асроров, П. Бобоҷонов, Н. Ғафуров, Н. Қозиҷонова, Р. Муқимов, С. Табаров, Ш. Тӯйчиев, Я. Шукуров, Т. Ҷӯраев, П. Нуров ва дигарон) ва «Большая Советская Энциклопедия» ҳамкорӣ кардааст. Феълан редаксия ба таҳияву таҳрир ва тадвини мақолаҳо барои ҷилдҳои «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» машғул аст. Редаксия тасмим дорад дар оянда «Донишномаи астрономия» ва «Донишномаи физика»-ро ба чоп омода кунад. Мудирони редаксия Ҳоҷиев А. (1969–72), Абдуллоев Н. (1974–76), Самадов Қ. (1976–77), Раҳматов Ҳ. (1977–78), Қурбонов А. (1980–88), Холов М. (2008–12) Содиқова С. (аз 2013).