-
Опубликовано: 10 апреля 2019
РЕДАКСИЯИ ИҚТИСОДИЁТ, САНОАТ ВА КИШОВАРЗӢ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭМТ, ки ба таҳия, таҳрир ва тадвини мақолаҳои вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт ва саноату кишоварзӣ машғул аст. Соли 1968 баробари СИЭСТ ташкил шудааст. То соли 1983 редаксияи «Хоҷагии халқ ва иқтисоди сиёсӣ» ном дошт, баъдан ба «Хоҷагии халқ ва иқтисодиёт» табдил шуд. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш фаъолият дорад. Дар тӯли фаъолияти редаксия кормандони он (Ёқубов М., Акрамов С., Голтс Т. М., Ёқубов М., Қурбонов Ф., Бурҳонов Қ., Шарипов Н., Қурбонов Ҳ., Холиқов И., Эшонова М., Ҷӯраева М., Раҳимова С., Ғафурова С.) дар ҳамкорӣ бо муаллифон дар таҳия, таҳрир ва ба чоп омода кардани луғатномаҳои соҳавӣ ва мақолаҳои марбут соҳаҳои зикршудаи 8 ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик» (1978–1988), «Таджикская ССР» (1974), 2 ҷилди «Энсиклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1989), 6 ҷилди «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», донишномаи «Душанбе» саҳм гузоштаанд. Кормандони редаксия бо шуъбаву ин-тҳои дахлдори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, АИ кишоварзии Тоҷикистон, вазорату корхонаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ҳамкории зич дошта, дар таҳия ва пешниҳоди мақолаҳо ҳамеша ба олимону мутахассисони варзида такя мекунанд. Исоматов Б., Тағоев М. Р., Дӯстбоев Ш., Шафиев Б. аз зумраи муаллифони фаъоли мақолаҳои марбут ба редаксия мебошанд. Мудирони редаксия: Ҳоҷиматов М. (1975–85), Тошев А. (1986–91), Шарифова М. (2010–11), Тошева Ш. (2012–13), Абдуллоев Р. (2014), Ҳамадов С. (2015–16), Содиқова М. (2016–2018), И. Холиқов (2019), Ҷ. Сайдалиев (аз июли 2019).