-
Опубликовано: 10 апреля 2019
РЕДАКСИЯИ ХАРИТА, ТАСВИРОТ ВА КОМПЛЕКТАТСИЯ, яке аз воҳидҳои сохтории СИЭСТ ва СИЭМТ, ки соли 1968 бо номи редаксияи Тасвирот ва харита таъсис ёфтааст. Аз соли 2008 бо номи имрӯзааш амал мекунад. Асосан ба таҳияву тадвини аксу тасвирҳо, нақшаву харитаҳо ва ороишу дизайни китобҳои донишномаӣ машғул аст. Дар таркиби СИЭСТ дар ҳайати редаксия И. Сайфиддинов, Р. Барч, А. Юсуфов, И. Тибилов, Э. Миркамолов, Ҳ. Ҳакимов кор карда, 8-ҷилди «Энциклопедияи Советии Тоҷик», 3 ҷилди «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», «Революцияи Кабири Социалистии Октябр», «Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ» ва чандин донишномаи дигарро бо харитаву тасвирҳои тадвину таҳиякардаи худ таъмин кардаанд. Феълан дар редаксия 4 воҳиди корӣ (мудир, харитасоз, суратгир, танзимгар) вуҷуд дошта, дар он Н. Шамсов, Ш. Шарипов, У. Ҷобатшоева ва Т. Сафаров кор мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар редаксияи мазкур Б. Мухторов, Ш. Шарипов, М. Азизов, Ҳ. Садиров, А. Солиев, Б. Раҷабова, М. Баҳриева, М. Амиршоев низ фаъолият доштанд. Ҳайати редаксия дар таъмин ва тазйини ҷилдҳои 1–7 «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик», ҷилдҳои 1–2 «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик», «Донишномаи Душанбе», «Шинохт ва ёдгирӣ», «Чӣ, кай, дар куҷо?», «Шигифтиҳои бадан», «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» бо аксу тасвирҳо ва нақшаву харитаҳо саҳм гузоштаанд. Мудирони редаксия: Сайфиддинов И. (1970–2004), Садиров Ҳ. (2011–13), Мухторов Б. (2010–14), Шамсов Н. (аз 2015).