-
Опубликовано: 10 апреля 2019

18 марти соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии ҷилди севвуми «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» мавсум ба Наврӯзи ҷаҳонӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳусни оғоз ёфт. Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба аҳаммияти илмӣ ва миллии Донишнома, ки оид ба таърихи ҷашни Наврӯз, анъанаҳои идона ва таҷлили он дар кишварҳои гуногун маълумоти муътамади илмӣ медиҳад, ҳарф зад.